Учебник по литературе для 6 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Адабиёт ба маънои васеъ ва махдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсй, илмй ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин дарки адабиёт ба маънои васеъ аст. Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои махдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмӯи асарҳои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадей ҳақиқати ҳаётро ба воситаи тасвири манзара ва нақшҳои бадей дар симои одамон, табиат, шароиту муҳити зист инъикос менамояд. Нақшҳои бадей манзараҳои ҳаёти зоҳирӣ ва ҳолати ботинии инсонро фаро мегиранд.








