Книги по биологии для 10 класса на таджикском языке.
Шумо дар давоми таҳсил дар синфҳои 7 – 9 дар дарсҳои “Биология” бо бисёр мафҳумҳо, истилоҳот ва қонунҳои табиат шинос шудед. Дар ин соли хониш шумо омӯзиши биологияро идома медиҳед. Биология сохтор, хусусиятҳо, зиёдшавӣ, инкишоф, пайдоиши организмҳои зинда, муносибатҳои байниҳамдигарӣ ҷамоаҳои табиӣ ва муҳити зистро меомӯзад. Дониши биологӣ замина омода мекунад, ки шумо ҳамчун шахс ташаккул ёфта, касб интихоб намоед, ҷаҳонбинии илмии худро васеъ гардонед ва тафаккури экологӣ бо дарки васеъ дар бораи манзараи илмии ҷаҳон пайдо кунед. Шумо бо ёрии ин китоби дарсӣ дар дарсҳои биология ва мустақилона аз дараҷаи сохти поёнии ҳаёт (зист) то ба дараҷаи сохти болоии он ба табиат ба сифати низоми яклухт муносибат кардан, мафҳумҳои биологӣ, назария ва қонуниятҳоро умумӣ, ба як система даровардану муқаррар намудани занҷири сабаб ва оқибат дар байни онҳоро меомӯзед.
Дараҷаи сохтории ҳаёт.
Табиати зинда биосистемаҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷиҳати сохтор дараҷаи мураккабиашон гуногун мебошанд. Системаи биологӣ (биосистема) маҷмӯи объектҳои биологӣ мебошад, ки ба ҳамдигар алоқаманд ва ба ҳамдигар таъсир мерасонанд, вазифаи мушаххасро иҷро мекунанд, қобилияти инкишоф, худтаъминкунӣ ва мутобиқшавӣ ба муҳити зистро доранд.
Масалан, растаниҳои гулдор системаи биологӣ мебошанд, ки аз вегетатив ва генератив иборатанд. Дараҷаҳои гуногуни ба ҳам вобаста, ба ҳам алоқаманди системаҳои зинда аз сохтори иерархӣ иборатанд (расми 1.3).
Сохтори иерархӣ – яке аз дараҷаҳо асоси дигаре буда, сатҳи ояндаро ба вуҷуд меорад. Ҳаёт дар рӯйи замин дар шакли системаҳои гуногуни биологӣ, аз қабили молекулаҳо, ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо, организмҳо, популятсияҳо, биом, экосистемаҳо, биосфераҳо вуҷуд дорад. Онҳо аз ҷиҳати таркиби худ ва протсессҳое, ки дар онҳо ба амал меоянд, аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Баъзе сатҳҳои сохтори ҳаётро дида мебароем.
МУНДАРИҶА.
БОБИ I. БИОЛОГИЯИ МОЛЕКУЛЯРӢ.
1.1. Биология ҳамчун фан.
1.2. Машғулияти амалӣ. Моделсозии дараҷаҳои сохтори ҳаёт.
1.3. Таркиби кимиёвии организмҳои зинда.
1.4. Машғулияти амалӣ. Аҳамияти об барои организмҳои зинда.
1.5. Карбогидратҳо.
1.6. Липидҳо.
1.7. Сафедаҳо.
1.8. Машғулияти амалӣ. Сохтани инфографии биологӣ.
1.9. Кислотаҳои нуклеин.
1.10. Машғулияти амалӣ. Ҳалли масъалаҳо оид ба сохтори ДНК ва РНК.
БОБИ II. БИОЛОГИЯИ ҲУҶАЙРА.
2.1. Ҳуҷайраи эукариотӣ. Ғилофи ҳуҷайра.
2.2. Ситоплазма. Органоидҳои бемембранаи ҳуҷайра.
2.3. Органоидҳои мембрадори ҳуҷайра.
2.4. Машғулияти лабораторӣ. Омӯзиши таъсири ҳарорат ба гузариши мембранаи плазматикӣ.
2.5. Ядро.
2.6. Ҳуҷайраи прокариотӣ.
2.7. Машғулияти амалӣ. Омӯзиши муқоисавии сохтори ҳуҷайраҳои прокариотӣ ва эукариотӣ.
2.8. Мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайра. Мубодилаи энергия дар ҳуҷайра.
2.9. Машғулияти амалӣ. Ҳалли масъалаҳои доир ба мубодилаи энергия.
2.10. Амалисозии иттилооти генетикӣ дар ҳуҷайра.
2.11. Машғулияти амалӣ. Моделсозии ҷараёни биосинтези сафедаҳо.
2.12. Тақсимоти ҳуҷайраҳои прокариотӣ ва эукариотӣ.
2.13. Мейоз.
2.14. Машғулияти лабораторӣ. Омӯзиши ҷараёни митоз бо истифода аз микропрепаратҳо.
2.15. Машғулияти амалӣ. Муқоисаи фазаҳои митоз ва меёз.
БОБИ III. ҶАРАЁНҲОИ ҲАЁТӢ.
3.1. Афзоиши ғайриҷинсӣ.
3.2. Гаметогенез.
3.3. Афзоиши ҷинсии организмҳо.
3.4. Ивазшавии ғайриҷинсӣ ва ҷинсӣ дар давраи ҳаёти растаниҳо ва ҳайвонот.
3.5. Машғулияти амалӣ. Моделсозии ивазшавии ғайриҷинсӣ ва ҷинсӣ дар давраи ҳаёти растаниҳо (ушна, сарахс, чилбуғум, растаниҳои тухмдор).
БОБИ IV. ИРСИЯТ.
4.1. Қонуниятҳои ирсият.
4.2. Машғулияти амалӣ. Ҳалли масъалаҳо доир ба доминантии пурра ва нопурра.
4.3. Машғулияти амалӣ. Ҳалли масъалаҳо доир ба кодоминатӣ ва плейотропия.
4.4. Генетикаи ҷинс.
4.5. Ирсишавӣ дар вобастагӣ бо ҷинс.
4.6. Машғулияти амалӣ. Ҳалли масъалаҳо доир ба генетикаи ҷинс.
4.7. Тағйирпазирӣ.
4.8. Машғулияти амалӣ. Омӯзиши тағйирпазирии модификатсионӣ.
4.9. Намудҳои тағйирёбии генотипӣ.
4.10. Машғулияти амалӣ. Омӯзиши тағйирпазирии модификатсионӣ ва мутатсионӣ.
БОБИ V. МУҲАНДИСИИ ГЕНЕТИКӢ ВА БИОТЕХНОЛОГИЯ.
5.1. Муҳандисии генетикӣ.
5.2. Тағйир додани ирсияти ҳуҷайра.
5.3. Биотехнология.
5.4. Машғулияти амалӣ. Муайян кардани сайтҳои рестриксионӣ ва омӯзиши истифодаи пектиназа дар истеҳсоли шарбати мева.
БОБИ VI. ЭКОСИСТЕМА.
6.1. Сохти таркибии экосистема.
6.2. Машғулияти амалӣ. Муайянкунии сохти таркибии экосистема.
6.3. Омилҳои экологӣ.
6.4. Кори лоиҳавӣ. Муқоисаи сохтори растаниҳое, ки дар шароити гуногун месабзанд.
6.5. Сохтори трофикии экосистема.
6.6. Машғулияти амалӣ. Таҳияи схемаҳо ва ҳалли масъалаҳо доир ба занҷирҳои ғизоӣ ва навъҳои ғизоӣ.
БОБИ VII. ЭВОЛЮТСИЯ.
7.1. Омилҳои ҳаракатдиҳандаи эволютсия.
7.2. Машғулияти амалӣ. Омӯзиши нишондиҳандаҳои демографии популятсияҳо дар асоси қонуни Ҳарди-Вайнберг.
7.3. Интихоби табиӣ.
7.4. Мутобиқшавӣ дар олами органикӣ – натиҷаи эволютсия.
7.5. Машғулияти амалӣ. Омӯзиши мутобиқшавии организмҳо ба муҳити зист.
7.6. Пайдоиши намудҳо.
Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Биология, 10 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.
Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу
Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:
Хештеги: #учебник на таджикском языке :: #биология :: #Сапаров :: #Азимов :: #Умаралиева :: #10 класс
Смотрите также учебники, книги и учебные материалы:
Следующие учебники и книги:
- Биоэкологические особенности муравьёв и их распространение в Самарской области, Монография, Астафьев В.М., 2009
- Книга о лошади, Настольная книга коннозаводчика, коневода, коневладельца и любителя лошади, Урусов С.П., 2023
- Экскурсии в природу, Томск глазами фенолога, Рудский В.Г., 2012
- Biologiýa, 10 synp, Saparow K., Azimow I., Umaraliýewa M., 2022
Предыдущие статьи:
- Biologiya, 10 klas, Saparov K., Azimov I., Umaraliyeva M., 2022
- Biologiýa, 7 synp, Saparow K., Azimow I., Umaraliýewa M., 2022
- Биология, 7 сынып, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022
- Biologiya, 7 klas, Saparov K., Azimov I., Umaraliyeva M., 2022