Учебник по технологии для 1 класса на таджикском языке.
Дар ин бора ба шумо фанни “Технология” аз наздик кӯмак мерасонад. Бо ёрии китоби дарсӣ шумо пайдарпайии иҷро намудани ҷараёнҳои технологиро меомӯзед. Дар давоми машғулиятҳои амалӣ шумо бо таҷҳизоти меҳнатӣ шинос мешавед, қоидаҳои кор бо асбобҳо, ба монанди қайчӣ, ширеш ва мӯқаламро дониста мегиред.
Барои мустақилона эҷод намудан ва сохтани ашёҳои дилхоҳатон дари имкониятҳо боз мешавад. Барои хушсифат иҷро намудани супоришҳои китоби дарсӣ ба шумо муваффақиятҳо таманно дорем.
СОХТАНИ ЧАТР.
Сохтани чатр бо ёрии усули қат кардани коғаз.
1. Коғази ранга мегирем ва бо қалам дар шакли якхела 15 дона доирача мекашем.
2. Доирачаҳоро бо ёрии қайчӣ мебурем.
3. Онҳоро баробар ба ду, пас боз як маротиба баробар ба ду қат мекунем. Дар натиҷа чорто қат ҳосил мешавад.
4. Ҳамаи шаклҳои қаткардашударо бо ёрии ширеш ё скотч ба ҳамдигар часпонида мебароем.
5. Агар аз байни онҳо найчаи коктейлро гузаронем, чатри хурдакак ҳосил мешавад.
МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
Дарси 1 Олами технология.
Дарси 2 Ҷараёни технологӣ.
Дарси 3 Шаклҳои шавқовар.
Дарси 4 Рақамҳои завқовар.
Дарсҳои 5-6 Маводҳои табиӣ. Сохтани шаклҳои дилхоҳ аз баргҳо.
Дарси 7 Сохтани шакли ҳайвонот аз маводҳои табиӣ ва гуногун.
Дарси 8 Сохтани нақш аз тухмиҳо.
Дарси 9 Сохтани шакли хорпуштак аз маводҳои табиӣ.
Дарси 10 Коғаз ва намудҳои он. Усулҳои қат кардани коғаз.
Дарсҳои 11-12 Сохтани композитсия дар мавзӯи “Неъматҳои тирамоҳӣ”. Кори ҷамоавӣ.
Дарси 13 Сохтани шакли занбӯруғ.
Дарси 14 Касби бинокорӣ. Сохтани хонача.
Дарсҳои 15-16 Аз коғазҳои гуногун сохтани арчаи солинавӣ ва ороиши он.
Дарси 17 Сохтани манзараи зимистон бо усули аппликатсия.
Дарси 18 Сохтани шакли себ бо усули мозаика.
Дарси 19 Сохтани шаклҳои хурмо ва анор бо усули мозаика.
Дарсҳои 20-21 Сохтани композитсия дар мавзӯи “Меваҳо дар сабад”.
Дарси 22 Сохтани шаклҳои заррофа (жирафа) ва фил.
Дарси 23 Сохтани композитсия дар мавзӯи “Боғи ҳайвонот”.
Дарси 24 Сохтани шакли гули ҳаҷмдор аз тасмаи коғазӣ.
Дарси 25 Сохтани чатр (соябон).
Дарси 26 Кори назоратӣ. Сохтани табрикнома.
Дарси 27 Намудҳои нақлиёт ва нақши он дар ҳаёти инсон.
Дарси 28 Сохтани шакли автомобил (мошин) бо ёрии усули қат кардани коғаз.
Дарси 29 Сохтани шакли тайёра (самолёт) бо ёрии усули қат кардани коғаз.
Дарси 30 Сохтани шакли киштӣ бо ёрии усули қат кардани коғаз.
Дарси 31 Кори назоратӣ.
Дарсҳои 32-33 Сохтани композитсия дар мавзӯи “Тугмаҳои сеҳрнок”.
Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Технология, 1 синф, Мирахмедова Д.С., Шамсиева З.С., 2021 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.
Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу
Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:
Хештеги: #учебник на таджикском языке :: #технология :: #Мирахмедова :: #Шамсиева :: #1 класс
Смотрите также учебники, книги и учебные материалы:
Следующие учебники и книги:
- Технология, 6 синф, Шарипов Ш.С., Қӯйсинов О.А., Тохиров Ӯ.О., 2021
- Технология, 6 сынып, Шарипов Ш.С., Қуйсинов O.A., Toxиров У.O., 2021
- Texnologiya, 6 klas, Sharipov Sh.S., Qoysinov O.A., Toxirov U.O., 2021
- Технология, 6 класс, Шарипов Ш.С., Койсинов А.A., Тахиров Ө.А., 2021
Предыдущие статьи:
- Tehnologiýa, 1 synp, Mirahmedowa D.S., Șamsiýewa Z.S., 2021
- Texnologiya, 1 klas, Miraxmedova D.S., Shamsiyeva Z.S., 2021
- Технология, 1 класс, Mирахмедовa Д.С., Шамсиевa З.С., 2021
- Tehnologiýa, 2 synp, Sanakulow H.R., Abdiýewa D.H., 2021