Технология, 2 синф, Санақулов X.Р., Абдиева Д.X., 2021

Технология, 2 синф, Санақулов X.Р., Абдиева Д.X., 2021.

Учебник по технологии для 2 класса на таджикском языке.

   Шумо дар синфи 1-ум дар дарси “Технология” дар бораи намунаҳои корҳои бо меҳнати дастӣ иҷрошаванда, аз асбобҳои меҳнатӣ дуруст истифода бурдан ва ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намуданро омӯхтед.
Акнун шумо дар синфи 2-юм аз коғаз, картон ва маводи гуногуни табиӣ сохтани шаклҳои гуногуни иҷро намуданашон мураккаб ва бисёрмарҳила, бозичаҳои ороишӣ, намуна ва тарҳсозиро меомӯзед.
Донишомӯзи азиз! Барои аз китоби дарсӣ самаранок истифода бурдан, ба корҳои амалӣ муносибати эҷодкорона намудан, супориш ва корҳои мустақилонаро дуруст иҷро намудан кӯшиш кунед.

Технология, 2 синф, Санақулов X.Р., Абдиева Д.X., 2021


Ҷангалбон.
Ҷангалбон соҳиби касбест, ки табиати ҷангалро муҳофизат мекунад. Вазифаи ҷангалбон дарахтонро посбонӣ кардан ва олами ҳайвоноти дар он ҷо зиндагикунандаро нигоҳубин намудан ва аз зиёд кардани шумораи онҳо иборат мебошад.
 
Ҷангалҳо шуши кураи Замин ба ҳисоб рафта, барои нафасгирии мавҷудоти зинда оксиген ҳосил мекунанд. Маҳсулоти чӯбии аз дарахтони ҷангал сохта шуда, асосан дар сохтмони хонаҳо ва сохтани мебел истифода мешаванд.

МУНДАРИҶА.
Дарси 1 Инсон ва технология.
Дарси 2 Воситаҳои технологӣ.
Дарси 3 Тайёр намудани аппликатсияи ҳаҷмдор дар мавзӯи “Намуди дарахтони тирамоҳӣ”.
Дарси 4 “Гулҳои тирамоҳӣ”. Сохтани шакли гулҳо аз тухмиҳо.
Дарси 5 “Маҳсулотҳои полизӣ”. Сохтани шакли каду аз тухмиҳо.
Дарси 6 Сохтани шакли ҳайвонот аз маводи табиӣ.
Дарси 7 Сохтани қаҳрамонҳои афсонавӣ бо услуби мозаика.
Дарси 8 Кори назоратии 1. Сохтани шакли моҳии тиллоӣ.
Дарси 9 Сохтани нақш бо усули аппликатсия аз коғаз.
Дарси 10 Сохтани шаклҳои сангпушт ва гунҷишк бо усули аппликатсияи ҳаҷмдор аз коғаз.
Дарсҳои 11–12 Квиллинг - хаёлоти бепоён. Сохтани гулҳо, ҳайвонот, паррандагон ва шаклҳои дигар бо усули квиллинг.
Дарси 13 Тарҳсозии коғаз ва сохтани шакли пандаи ҳаҷмдор.
Дарси 14 “Салтанати зериобӣ”. Сохтани аквариум бо усули аппликатсияи ҳаҷмдор. Кори ҷамоавӣ.
Дарси 15 Кори назоратии 2. Тайёр кардани табрикномаи андозадори солинавӣ.
Дарси 16 Тайёр кардани ниқоб барои идҳо.
Дарсҳои 17–18 Устои ҳунарманд. Ғоя ва ихтироъ.
Дарси 19 Сохтани шакли ҷиҳозҳои хона ва тартиб додани композитсия.
Дарси 20 Ҷараёни технологӣ ва марҳилаҳои он.
Дарси 21 Чен кардан ва ба нақша гирифтан.
Дарси 22 Сохтани бозичаҳои ҳаҷмдори ҳаракаткунанда.
Дарсҳои 23–24 Сохтани мошини боркашони ҳаракаткунанда.
Дарси 25 Сохтани тарҳи дучарха (велосипед) аз коғаз.
Дарси 26 Кори назоратии 3. Коркарди композитсия бо номи “Чорроҳа” бо усули аппликатсия.
Дарсҳои 27–28. Сохтани нақлиёти ҳаракаткунандаи ҳавоӣ (тайёра, чархбол).
Дарсҳои 29–30 Сохтани ашёҳои гуногун аз дискҳои CD.
Дарсҳои 31–32 Сохтани тӯҳфаҳо аз маводи полимерӣ.
Дарси 33 Кори назоратии 4. Сохтани шакли паррандаи Ҳумо.
Дарси 34 Тайёр кардани гулдастаи ҳаҷмдор бо усули аппликатсия.
Супоришҳо доир ба мавзӯъҳои гузашта.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Технология, 2 синф, Санақулов X.Р., Абдиева Д.X., 2021 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Хештеги: :: :: :: ::