Асосҳои дониши иқтисодӣ, 8 синф, Сариқов Э., Хайдаров Б., 2019

Асосҳои дониши иқтисодӣ, 8 синф, Сариқов Э., Хайдаров Б., 2019.

Учебник по экономике для 8 класса на таджикском языке.

Фрагмент из книги:
Ба атроф дақиқназарона нигоҳ кунем, ба пайдоиши хелҳои нави мол ва адои хизмат, тағйирёбии талабу хохиши одамон, хусни нав гирифтани кӯчаҳо, шаҳру деҳаҳо гувоҳ мегардем. Дар ана ҳамин олами навшаванда зиндагонӣ кар да, шумо ҳам ба ҳар як тағйирот муносибати худро баён карданатон, ба шароити нав мутобиқ гардиданатон зарур аст.
Иқтисодиёт дар байни ҷабҳаҳои ҳаёт аз ҳама бештар тағйирёбанда аст. Зеро шарту шароити барои хуб зиндагонӣ кардани одамон лозимро ҳар рӯз фароҳам оварданаш зарур мебошад. Дар табиат нон, сару либос ва хонаву ҷой дар ҳолати тайёр вуҷуд надорад. Инсон маҷбур аст, ки тамоми ашёеро офарад, ки дар табиат дар шакли тайёр вуҷуд надорад. Ба ин мақсад вай хоҷагии нахустини бузургро, ки «иқтисодиёт» ном дорад, дар оғӯши табиат бар по намуд. Ҳоли ҳозир иқтисодиёт воситаи ягонаи дар рӯи замин зиндагӣ кардану камол ёфтани инсон мебошад.

Асосҳои дониши иқтисодӣ, 8 синф, Сариқов Э., Хайдаров Б., 2019


ФАЪОЛИЯТИ МУСТАҚИЛ.
Ба ҷараёни истеҳсоли замонавӣ бисёр ресурсҳо, одамон ва корхонаҳо ҷалб карда мешаванд. Масалан, маҳсулоти печениро гирем, ба таркиби он орд, шакар, равғани зард ва бисёр ашёҳои хоми дигар шомиланд. Пае маълум мешавад, ки ҷараёни тайёркунии печений аз фермерҳои расонандаи шир, лаблабу сар карда, бе иштироки заводҳои истеҳсоли орд, шакар, равғани зард амалӣ намешавад. Боз маҳсулоти бисёр корхонаҳои дигар ҳам ба сифати ашёи хоми печений аҳамият дорад.

Барои самаранок ташкил кардани истеҳсолот дар ҳамаи зинаҳои он мувофиқсозии фаъолияти корхонаҳои иштироккунанда, бо мақсади ба танзимдарорӣ ташкил кардани кластерҳои иқтисодӣ ба амалиёти иқтисодиёт татбиқ карда мешаванд. Ба кластерҳои иқтисодӣ корхона, ташкилот ва муассисаҳои вобастаи ба як ҳудуди маълум ҷойгиршуда дохил карда мешаванд. Онҳо ба воситаи байни ҳамдигар расонда додани маҳсулот, хизматрасонӣ, ташкил кардани инфрасохтор, ба роҳ мондани фаъолияти илмиву техникӣ ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд. Бо ин ҳар як иштирокчӣ ва рақобатбардории тамоми кластер мешавад ва имкониятҳояш васеъ мегардад.

МУНДАРИҶА.
Нишондодҳои умуми оид ба истифодаи китоби дарси.
Боби I. Шиносоӣ бо иқтисодиёт.
Мавзӯи 1. Шиносоӣ бо иқтисодиёт.
Мавзӯи 2. Муаммои махдудият.
Мавзӯи 3. Интихоб ва қимати муқобили он.
Мавзӯи 4. Истеҳсолот ва омилҳои он.
Мавзӯи 5. Тақсимоти меҳнат ва ихтисосонидан.
Мавзӯи 6. Сохторҳои иқтисодӣ.
Савол ва супоришҳо барои такрори боби I.
Боби II. Бозор.
Мавзӯи 7. Мубодила ва пул.
Мавзӯи 8. Бозор ва хелҳои он.
Мавзӯи 9. Бозорҳо ва нархҳо.
Мавзӯи 10. Иштирокчиёни бозор.
Савол ва супоришҳо барои такрори боби II.
Боби III. Иқтисодиёти ҳоҷагии оилавӣ-хонаводагӣ.
Мавзӯи 11. Истеъмолкунандагон ва хелҳои хароҷот.
Мавзӯи 12. Амвол (мулк) ва хусусигардонӣ.
Мавзӯи 13. Даромад ва сарват.
Мавзӯи 14. Ғункунӣ ва суғурта.
Мавзӯи 15. Қабули қарори иқтисодӣ.
Мавзӯи 16. Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон.
Савол ва супоришҳо барои такрори боби III.
Боби IV. Талаб ва пешниҳод.
Мавзӯи 17. Талаб ва қонуни талаб.
Мавзӯи 18. Омилҳое дигаре, ки ба талаб таъсир мерасонанд.
Мавзӯи 19. Пешниҳод ва қонуни пешниҳод.
Мавзӯи 20. Омилҳое дигаре, ки ба пешниҳод таъсир мерасонанд.
Мавзӯи 21. Нархи бозории мол.
Мавзӯи 22. Машғулиятҳои амалӣ оид ба қонуниятҳои талаб ва пешниҳод.
Мавзӯи 23. Таъсири тағйирёбии талаб ва пешниҳод ба нархи бозор.
Савол ва супоришҳо барои такрори боби IV.
Боби V. Рақобат ва иқтисодиёти бозаргонӣ.
Мавзӯи 24. Рақобат.
Мавзӯи 25. Инҳисорот (монополия) ва бозорҳои инҳисоршуда (монополияшуда).
Мавзӯи 26. Иқтисодиёти бозаргонӣ.
Мавзӯи 27. Узбекистан дар роҳи иқтисодиёти бозаргонӣ.
Савол ва супоришҳо барои такрори боби V.
Боби VI. Низоми андоз.
Мавзӯи 28. Андоз ва намудҳои он.
Мавзӯи 29. Асосҳои андозситонӣ.
Мавзӯи 30. Ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои андозсупорандагон.
Савол ва супоришҳо барои такрори боби VI.
Донишатонро озмуда бинед.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Асосҳои дониши иқтисодӣ, 8 синф, Сариқов Э., Хайдаров Б., 2019 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Хештеги: :: :: :: ::


Следующие учебники и книги:
Предыдущие статьи: