Учебник по литературе для 7 класса на таджикском языке.
Адабиёти бадеї аз навъњои дигари санъат бо усул ва тарзи эљоди образњо фарќ мекунад. Сабаби ин дар он аст, ки образњои адабиёти бадеї бевосита њис карда намешаванд, ба назар наменамоянд, шунида намешаванд. Одам меъморї, расмкашї, раќс барин навъњои санъатро бевосита мебинад, мусиќї ва сурудро мешунавад. Инсон њангоми мутолиаи њикоя, ќироати ѓазал кўшиш менамояд, ки маънињои дар онњо нињон бударо фањмад. Танњо баъди он образи бадеї – манзарањои њаёти инсониро тасаввур менамояд.








