Учебник по таджикскому языку для 6 класса на таджикском языке.
Босалоҳиятии омӯзгор шиносоӣ бо «Дастури миллим таълимӣ», консепсияи рушди таълим дар солҳои 2022-2030, фармон ва қарорҳои эълонгардида, нақшаи таълимӣ барои соли хониш пешниҳодшуда, барномаҳои таълимии навтанзим, китобҳои дарсӣ, сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ ба амал меояд. Омӯзгор то оғозёбии соли хониш бо санад ва ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимӣ бояд шинос шавад. Шиносоӣ бо санад ва ҳуҷҷатҳо ба омӯзгор имкон медиҳад, ки нақшаи тақвимӣ-мавзӯиро бо мутаносибии бобу фаслҳои барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии чопшуда тартиб диҳад. Бобу фаслҳо ва мавзӯъҳои китоби дарсӣ бо бобу фаслҳо ва мавзӯъҳои барномаи таълимӣ муқоиса карда мешавад. Ҳангоми муқоиса мутаносбӣ ва ё ин ки номутаносибӣ, мукаммалӣ ва ё ин ки номукаммалии бобу фаслу мавзӯъҳо, инчунин маводҳои таълимӣ, таърифҳои лингвистӣ, қоидаҳои имлоӣ муайян карда мешавад. Агар лозим бошад, омӯзгор такя ба донишу маҳорати тахассусӣ маводҳои иловагӣ, яъне таърифҳои лингвистик» қоидаҳои имлоиро аз дигар китобҳои забои вобаста ба синну соли донишомӯзон интихоб менамояд ва бо ин амали шоиста камбудиҳоро пешгирӣ менамояд.
ЎЗБЕКИСТОНИ НАВ АЗ ОСТОНАИ МАКТАБ САР МЕШАВАД!
Фаъолияти тарафайни омузгору донишомузон дар ҷараёни дарс:
Омӯзгор дар ҷараёни даре ва марҳилаҳои муайян номи мавзӯъро эълон мекунад. Ҳадафи асосиро баён менамояд. Бо суханҳои тавсифй ва хотирмон дойр ба чй гуна маскам будани мактаб ҳарф мезанд ва бо гуфторҳои дилнишин донишомӯзонро ба илму ҳунаромӯзӣ даъват мекунад.
Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Маҳз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони накӯкор шогирдон баркамолу соҳибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фарҳангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ илм омӯхта ҳамаро ба некию накӯкорӣ ва фарҳангдӯстӣ даъват мекунанд. Оре, мактаб маъхази пайдоиши илму маърифат аст. Ҳама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонаш қадам гузошта, аз он бузург гардидаанд. Бе гузашт аз ин даргоҳи муқаддас касе наметавонад илм омӯхт.
МУНДАРИҶА.
БОБИ I. СТРАТЕГИЯҲОИ ТАЪЛИМИ ФАННИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ.
Китоби дарсӣ - сарчашмаи асосии донишомӯзӣ.
Босалоҳиятии омӯзгор.
БОБИ II. МАҶМӮИ НАВИШТАҶОТИ ДАРСҲОИ ЯКСОАТА.
Дарси 1. Забони тоҷикӣ ва рушди он.
Дарси 2. Одоби муошират дар бозор.
Дарси 3. Об - сарчашмаи ҳаёт.
Дарси 4. Иқлим ва қаторкӯхҳои кишвари Ӯзбекистон.
Дарси 5. Ҳифзи муҳити зист.
Дарси 6. Партовҳо ва коркарди онҳо.
Дарси 7. Гармшавии глобалӣ.
Дарси 8. Стратегияи рушд.
Дарси 9. Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб сар мешавад!.
Дарси 10. Маҳалла - пойдевори бунёди давлат.
Дарси 11. Қоидаҳои рохравӣ ва одоби муошират дар кӯча.
Дарси 12. Давоми мавзуъ.
Дарси 13. Одоби худидоркунӣ ва муошират дар нақлиёт.
Дарси 14. Бебаҳра аз тоҷи заррин.
Дарси 15. Одоби худидоркунӣ ва муошират дар ҷамъомадҳо.
Дарси 16. Забондонӣ - ҷаҳондонӣ.
Дарси 17. Тӯтиро гирфтанд ва дар қафас карданд.
Дарси 18. Суханчин нашавед!.
Дарси 19. Давоми мавзуъ.
Дарси 20. Нури чашмро нигаҳ дорем.
Дарси 21. Такрорӣ.
Дарси 22. Интихоби касбу хунар.
Дарси 23. Ҳангоми табобати беморӣ.
Дарси 24. Сабабҳои пайдоиши беморӣ.
Дарси 25. Пешгирии беморӣ.
Дарси 26. Табобати беморӣ ва рафъи он.
Дарси 27. Ваксинаҳо.
Дарси 28. Вирусҳо.
Дарси 29. Мӯмиё.
Дарси 30. Мавиз.
Дарси 31. Такрорӣ.
Дарси 32. Иқтисоддони накӯорзу.
Дарси 33. Он чизе ки иқтисоддонҳо анҷом медиҳанд.
Дарси 34. Тақдимоти лоиҳаи касби иқтисоддон.
Дарси 35. Сарҳисоби фаъолияти шахси иқтисоддон.
Дарси 36. Арчаи президентӣ - тӯҳфаи беҳтарин.
Дарси 37. Рӯзноманигорӣ ҷавон.
Дарси 38. Рӯзноманигорӣ соҳибтаҷриба.
Дарси 39. Жанрҳои рӯзноманигорӣ.
Дарси 40. Ҷавондухтари тарроҳ (нақшакаш)-и компютердон.
Дарси 41. Сухандони хушгуфтор.
Дарсҳои 42-43. Гармхона ва даромади маҳсулоти он. Хароҷотро бо даромад мувофиқ кардан.
Дарси 44. Касбу ҳунар - омили мустаҳкамии оила.
Дарси 45. Такрорӣ.
Дарсҳои 46-47. Илм ба кор судманд бувад. Давоми мавзӯъ.
Дарсҳои 48-49. Китобороӣ.
Дарсҳои 50-53. Компютер. Хотираи компютер. Хотираи фаврии компютер.
Дарсҳои 54-56. Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Торномаҳои гуногуни интернетӣ. Робот.
Дарсҳои 57-61. Асбобҳои техникии рӯзгор. Тафдонҳои «Доно». Яхдонҳои «Доно». Мошинҳои ҷомашӯйии «Доно».
Дарси 62. Тартиби тахлили сарфии исм.
Дарси 63. Такрорӣ.
Дарсҳои 64-69. Хиёбони адибон. Арки Бухоро. Регистони Самарқанд.
Дарсҳои 70-73. Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ. Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз!.
Дарси 74. Тартиби тахдили сифат.
Дарси 75. Такрорӣ.
Дарсҳои 76. Меъморӣ. Кандакорӣ - навъи санъати ороишиву пардозкорӣ.
Дарсҳои 78-80. Лабчанг яке аз созҳои мусиқӣ. Карнай яке аз созҳои мусиқӣ. Кирмакпарварӣ (пиллапарварӣ).
Дарсҳои 81-84. Даф - яке аз созҳои мусиқии зарбӣ. Аспакбозӣ -рақси қадимаи мардонаи тоҷикӣ. Дорбозӣ - навъи намоиши санъати сирк. Зочабозӣ - як намуди намоиши театрӣ.
Дарсҳи 85-88. Афсонагӯӣ - як навъ санъати театри халқӣ. Санъати хаттотӣ. Гулгардонӣ. Гӯштин.
Дарсҳои 89-90. Давраи яхбандӣ ва зисти ҳайвонот. Гардиши об дар табиат.
Дарсҳои 91-93. Орзуи ҳуқуқшинос шуданро дорам. Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон. Адаб ҳусни инсон аст.
Дарсҳои 94-96. Гулоб ва амали гулобгарӣ. Як каф гандум. Аз асрори киштукор бохабар.
Дарсҳои 97-98. Аз пайи кор! Мо ба вай раҳмат гуфтем.
Дарси 99. Тартиби тахдили сарфаии феъл.
Дарси 100. Такрорӣ.
Дарсҳои 101-102. Шахси адолатпеша бош! Санъати коғазсозӣ.
БОБИ III. ҲУҶҶАТҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚӢ.
Барномаи таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ.
Нақшаи тақвимӣ - мавзӯӣ аз фанни забони тоҷикӣ.
БОБИ IV. МАТНҲО БАРОИ ИНКИШОФИ НУТҚ ВА ВУСЪАТ ДОДАНИ ДОНИШУ САЛОҲИЯТИ ЛИНГВИСТӢ.
Корҳои хаттӣ: диктант, нақли хаттӣ.
Глоссарӣ.
Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 6 синф, Чориев Т.Р., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.
Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу
Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:
Хештеги: #учебник на таджикском языке :: #таджикский язык :: #Чориев :: #6 класс
Смотрите также учебники, книги и учебные материалы:
Следующие учебники и книги:
- Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., 2022
- Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т.Р., 2022
Предыдущие статьи:
- Забони тоҷикӣ, 10 синф, Чориев Т.Р., Кабиров М., Мажитова С.Ж., 2022
- Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш, 3 синф, Дафтари машқ, Чориев Т., Эшонқулов Ҷ., 2022
- Саводомўзии забони модарї ва хониш, 1 синф, Қисми 2, Чориев Т., 2021
- Дафтари ҳусни хат, 1 синф, Эшонқулов Ҷ., 2021