Учебник по литературе для 6 класса на таджикском языке.
Китоби дарсӣ бо аз назаргузаронии расму тасвирҳои муқоваи китоб оғоз ёфтааст. Омӯзгор вазифадор аст, ки расму тасвирҳои сужетноки дар муқоваи китоби дарсӣ акс ёфтаро шарҳу тафсир диҳад. Дар байни донишомӯзон лаҳзаи саволу ҷавоб ташкил карда, фикру мулоҳизаҳои онҳоро бишнавад. Омӯзгор ному насаби муаллифони китоби дарсиро ёдоварй менамояд. Агар донишомӯз аз омӯзгор дойр ба ҳасби ҳол ва фаъолияти эҷодии муаллифони китоби дарсӣ бо савол, ё ин ки пурсише муроҷиат кунанд, он гаҳ омӯзгор иҷмолан дойр ба ҳасби ҳол ва фаъолияти муаллифони китоби дарсӣ ба тариқи мухтасар маълумот медиҳад.
