Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Ходҷаев Б., Абдуллаев Ж., 2022

Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Ходҷаев Б., Абдуллаев Ж., 2022.

Книги по истории для 10 класса на таджикском языке.

   Дар ин китоби дарсӣ марҳилаи охирини даври нав ва воқеаҳои муҳиме, ки дар замони нав ба вуқӯъ омадаанд, марҳилаи имрӯзаи рушди ҷамъият ва таҳлили сабабҳои баъзе ҳодисаҳои имрӯза дар арсаи ҷаҳон баён шудааст. Маълумотҳои таърихӣ барои ташвиқи донишҷӯён ба фикрронии мустақил ва васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо пешниҳод карда мешавад. Ин маълумотҳо барои фаҳмидани он, ки ҳар як фарҳанги халқҳои ҷаҳон нотакрор ва беназир аст, арзишҳои умумибашарӣ, ки ба тамоилҳои инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва волоияти қонун асос ёфтааст, кӯмак мерасонад. Вай ба шумо имкон медиҳад, ки бо қонуниятҳои муҳим ва роҳҳои ба худ хоси тараққиёти ҷаҳон ва ҷамъият шинос шуда, дар бораи оянда тасаввурот дошта бошед. Он ҳамчунин донишеро ташаккул ва имкон медиҳад, ки таҷрибаи таърихии мамлакатҳои пешрафта дар Ӯзбекистон эҷодкорона татбиқ карда шавад.

Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Ходҷаев Б., Абдуллаев Ж., 2022


ГЕРМАНИЯ.
Ҷанги Франсия-Пруссия бо пирӯзии пруссиягиҳо ба охир расид, дар моҳи январи соли 1871 императори Пруссия Вилгелм I дар толори боҳашамати қасри Версал императори Германия эълон карда шуд. Муборизаи дуру дароз барои муттаҳид гардондани мамлакат ба охир расид.

Немисҳо тантана мекарданд. Бисмарк тавонист давлатро муттаҳид созад. Бо давлатҳои Германияи Ҷанубӣ созишномаҳо имзо карда шуд. Баҳори соли 1871 аввалин конститутсия дар рейхстаги империя қабул карда шуд. Конститутсия роли роҳбарии Пруссияро дар империя мустаҳкам намуд. Германия босуръат рушд мекард, молҳои саноатии он ба бозорҳои тамоми қитъаҳо роҳ ёфт. Хӯш, сирри чунин муваффақият дар чӣ буд? Ин пеш аз ҳама бо муттаҳид шудани мамлакат ва дар натиҷа ташаккул ёфтани бозори ягонаи дохилӣ алоқаманд буд.

Сарҳадҳои гумрукӣ аз байн рафтанд, воҳиди ягонаи пулӣ, системаи ягонаи ченкунии вазн ва дарозӣ ҷорӣ карда шуд. Аз соли 1871 то соли 1875 дар мамлакат бисёр корхонаҳои саноатӣ ва бонкҳо пайдо шуданд.

МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
БОБИ I МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН ДАР ОХИРИ АСРИ ХIХ – ИБТИДОИ АСРИ ХХ: ТАСМИМГИРИИ ТАМАДДУНИ ИНДУСТРИАЛӢ.
Мавзӯи 1. Ба вуҷуд омадани тамаддуни индустриалӣ.
Мавзӯи 2. Барои "Британияи Кабири бузугтарин": пайдо шудани сохти нави иқтисодӣ ва мафкуравӣ.
Мавзӯи 3. Франсия ва Германия: мубориза барои пешсафӣ дар Европа.
Мавзӯи 4. Европаи Шарқӣ ва Руссия: муаммоҳои ислоҳ намудани ҷамъият.
Мавзӯи 5. Ду намуди Америка: самтҳои тараққиёт дар Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ.
Мавзӯи 6. Япония, Хитой ва Ҳиндустон: ислоҳотҳои роҳи осиёӣ.
Мавзӯи 7. Дар мамлакатҳои тамаддуни исломӣ муборизаи байни анъанавигӣ ва ислоҳотпарастӣ.
Мавзӯи 8. Муаммоҳои мустамликадорӣ ва тараққиёт дар мамлакатҳои Африка.
БОБИ II ДУ САМТИ ИНКИШОФИ ТАМАДДУН БАЙНИ ҶАНГҲОИ ҶАҲОН: ДЕМОКРАТИЯИ ЛИБЕРАЛӢ ВА ДИКТАТУРАИ ТОТАЛИТАРӢ-АВТОРИТАРӢ.
Мавзӯи 9. Сабабҳои саршавии Ҷанги якуми ҷаҳон ва оқибатҳои он.
Мавзӯи 10. Муаммоҳои нави тараққиёт дар давлатҳои либералӣ-демократӣ.
Мавзӯи 11. Мамлакатҳои диктатураи тоталитарӣ ва авторитарӣ: ба вуҷуд омадани минтақаи нави ҷанг.
Мавзӯи 12. Муаммоҳои истиқлолият ва тараққиёт дар мамлакатҳои Осиё.
Мавзӯи 13. Ба вуҷуд омадани ғояҳои бедоршавии миллӣ ва истиқлолият дар Африка.
Мавзӯи 14. Сабабҳои пайдоиши Ҷанги дуюми ҷаҳон ва оқибатҳои он.
БОБИ III МАМЛАКАТҲОИ ЕВРОПА ВА АМЕРИКАИ ШИМОЛӢ ДАР СОЛҲОИ 1945–1991.
Мавзӯи 15. Самтҳои асосии тараққиёти мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Америкаи Шимолӣ.
Мавзӯи 16. Самтҳои асосии ривоҷёбии мамлакатҳои СССР ва Европаи Шарқӣ.
Мавзӯи 17. ШМА: пайдо шудани роҳбари нав.
Мавзӯи 18. Британияи Кабир ва Франсия: сохтани Европаи нав.
Мавзӯи 19. Германия ва Италия: тараққиёти баъди мағлубият.
Мавзӯи 20. Ҷараёнҳои интегратсияи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Европаи Ғарбӣ.
Мавзӯи 21. Мамлакатҳои Европаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ: диктатура ва демократия.
Мавзӯи 22. Ислоҳотҳо ва бӯҳрон дар Иттиҳоди Шӯравӣ: хотимаи империя.
Мавзӯи 23. Мамлакатҳои Европаи Марказӣ ва Шарқӣ дар байни тоталитаризм ва демократия.
БОБИ IV ДУНЁИ БЕДОРШУДА ИСТОДА: МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ, АФРИКА ВА АМЕРИКАИ ЛОТИНӢ ДАР СОЛҲОИ 1945–1991.
Мавзӯи 24. Самтҳои асосии ривоҷёбии мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ.
Мавзӯи 25. Япония, Хитой ва Кореяи Ҷанубӣ: тамаддуни Осиё маҷмӯи арзишҳо ва усулҳои истеҳсоли ғарбӣ.
Мавзӯи 26. Роҳи мураккаби мустақилӣ дар Ҳиндустон ва Покистон.
Мавзӯи 27. Туркия, Эрон ва Афғонистон: қадриятҳои динӣ ва муаммоҳои рушди муосир.
Мавзӯи 28. Мамлакатҳои Сурия, Ироқ ва Осиёи Ҷануби Ғарбӣ.
Мавзӯи 29. Ислоҳоти миллӣ ва роҳҳои дигари тараққиёт дар Америкаи Лотинӣ.
Мавзӯи 30. Истиқлолият дар Африка, муаммоҳои қашшоқӣ ва тараққиёт.
Мавзӯи 31. Инкишофи илму фан ва маданият дар нимаи дуюми асри ХХ.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Ходҷаев Б., Абдуллаев Ж., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Хештеги: :: :: :: :: ::


Следующие учебники и книги:
Предыдущие статьи: