Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2017

Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2017.

Учебник по истории для 10 класса на таджикском языке.

   Он даври таърихи инсоният, ки аз итмоми Ҷанги якуми ҷаҳон – соли 1918 оғоз шуда, то имрӯзро дарбар мегирад, «Таърихи навтарин» ном бурда мешавад. «Таърихи навтарин» дар тараққиёти ҷамъияти инсонӣ ҳамчун даври гузариш аз тамаддуни (сивилизатсияи) индустриалӣ ба тамаддуни постиндустриалӣ таъриф дода мешавад.
Дар даври таърихи навтарин метавон се зинаи нисбатан мустақилро ҷудо намуда нишон дод. Зинаи якум солҳои 1918 – 1945 – даври оғозшавии бӯҳрони иҷтимоӣ-сиёсии ҷамъияти индустриалист. Ин бӯҳрон дар ду ҷанги ҷаҳонӣ, инқилобҳои сотсиалистӣ ва миллӣ-озодихоҳӣ, қарор ёфтани сохтори тоталитарии Германия, Италия, Япония, СССР, пурзӯршавии зиддиятҳои иҷтимоӣ намоён шуд. Мазмуни ин зинаро муборизаи байни ду модели асосии тараққиёти ҷамъият – сохторҳои либералӣ-демократӣ ва тоталитарӣ ташкил медиҳад.

Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2017


Бӯҳрони сохтори Версал-Вашингтон ва барбод шудани он.
Сохтори Версал-Вашингтон амонат баромад. Он ба туфайли зиддияти дар байни мағлубон ва ғолибон буда тадриҷан вайрон шудан гирифт. Ба қувваи ҳарбӣ такя намудан аз бисёр ҷиҳат мавқеи мамлакатҳои капиталистиро дар майдони байналхалқӣ муайян кардааст. Баъди ҳамин аз ягон конференсияе, ки дар бобати маҳдуд намудани пойгаи мусаллаҳшавӣ гузаронида шудааст, натиҷаи мусбӣ гирифта нашуд, дар онҳо ба муоҳида омада нашуд.

Оқибат ба солҳои 1930 омада, ба сохтори Версал-Вашингтон дар Аврупо ягон мамлакат амал намекард. Бӯҳрони ин сохтор дар байни давлатҳои бузург барои манфиати хеш муборизаро авҷ гиронид. Дар байни мамлакатҳои муқтадир, аз як тараф Британияи Кабир ва Франсия, аз тарафи дигар Германия, Италия ва Япония иттифоқҳои ҳарбӣ-сиёсии ба ҳам зид шакл ёфт. СССР ва ИМА бо мақсади аз ин зиддиятҳо ба манфиатҳои хеш истифода кардан интизор шуданро афзал донистанд.

МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
Мавзӯи 1: Муносибатҳои байналхалқӣ дар солҳои 1918-1939.
Мавзӯи 2: Босуръат шудани тараққиёти илмӣ-техникӣ дар солҳои 1918-1939, муваффақиятҳои илму фан.
Мавзӯи 3: Британияи Кабир дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 4: Франсия дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 5: Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 6: Германия дар солҳои 1918 – 1945.
Мавзӯҳои 7-8: СССР дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 9: Италия ва Испания дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 10: Мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 11: Япония дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 12: Хитой ва Ҳиндустон дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 13: Туркия ва Эрон дар солҳои 1918 – 1939.
Мавзӯи 14: Мамлакатҳои Африка дар солҳои 1918-1939.
Мавзӯҳои 15-16: Ҷанги дуюми ҷаҳон ва натиҷаҳои он.
Мавзӯи 17: Муносибатҳои байналхалқӣ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон: оғозшавии «ҷанги сард».
Мавзӯи 18: Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯҳои 19-20: Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 21: Британияи Кабир ва Франсия дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 22: Германия ва Италия дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 23: Япония ва мамлакатҳои нави индустриалии Осиё дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 24: Республикаи халқии Хитой дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 25: Ҳиндустон ва Покистон дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 26: Туркия, Эрон ва Афғонистон дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 27: Мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 28: Мамлакатҳои Африка дар солҳои 1946 – 1991.
Мавзӯи 29: Инкишофи фан ва маданият дар нимаи дуюми асри ХХ.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Хештеги: :: :: :: :: ::