Учебник по экономике для 9 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Тадбиркорӣ фаъолияти ба иқтисоди бозаргонӣ хос буда, дар ин шароит ҳамвора якҷоя бо омилҳои табиӣ, сармоя ва меҳнат ба омили асосии истеҳсолот табдил меёбад. Зеро айнан ҳамин омили тадбиркории истеҳсолот имкони якҷоя намудани се омили дигарро фароҳам меоварад. Тадбиркорӣ барои ҷамъият зарур буда, дар натиҷаи фаъолияти мазкур коргоҳи нави иловагӣ барпо мегардад. Тадбиркорӣ фаъолиятест, ки на танҳо барои истеъмолгарон, балки барои давлат низ заруру фоиданок мебошад. Давлат ба тадбиркорӣ роҳи васеъ кушода, худро аз масъулияти ба кор ҷойгиркунӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти бисёр истеъмолшаванда ва хизматрасонӣ ба маънои маълум соқит мекунад. Илова бар ин аз ҳисоби андозҳои аз тадбиркорӣ ситонидашуда хазинаи давлат пур мегардад. Аз ҳамин сабаб давлат тадбиркориро бо ҳар восита дастгирӣ мекунад.
