Учебник по информатике для 5 класса на таджикском языке.
Дар ин замон, ки фан ва техника, хусусан технологияҳои ахборот бошидцат ривоҷ меёбанд, ҳар як инсон дар ҳаёти худ бояд соҳиби дониш ва малакаҳои муҳим шавад.
Барои ба ҳаёти мустақил қадами боэътимод гузоштан, бо тағйирот ва навигариҳое, ки дар атрофи мо содир мешаванд, ҳамнафас туда зистан, ҳар як донишомӯз бояд соҳиби дониш ва малакаҳои зерин бошад:
— дар ҷустуҷӯи донишҳои нав шудан;
— дар ҳалли супориш, масъала ва машққо дар ҳамкорӣ бо ҳамсолон кор бурдан;
— соҳиби дониш шудан, дар ҳалли супориш, масъала ва машққо аз компютер истифода бурдан.
Дар синфи 5 бори аввал фанни «Информатика»-ро меомӯзед. Дар дарсҳои Информатика Шумо мафҳумҳои навро ёд мегиред, дар иҷрои масъала ва машққо аз компютер истифода мебаред.
Умедворем фанни Информатика барои дурусттар фаҳмидани ҳодисаҳое, ки дар атроф, дар пеши назаратон содир мешаванд, дар соҳиб шудан ба донишҳои нав наздиктарин мададтори Шумо хоҳад шуд.
