Методикаи таълими забони тоҷикӣ, 7 синф, Чориев Т.Р., 2022.
Учебник по таджикскому языку для 7 класса на таджикском языке.
Низоми таълими салоҳиятнокӣ ба саволҳои «Донишомӯз чӣ кор карда метавонад?», «Донишомӯз кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?» ҷавоб мегӯяд.
Донистан, дониш дар низоми таълими салоҳиятнокӣ ҷузъи таркибии малака ҳисоб шуда, барои санҷидан, муқоиса кардан ба намуна, ислоҳи ғалатҳо истифода бурда мешавад. Бояд қайд кард, ки «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, валекин он дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳорат ташаккул меёбад. «Салоҳият» натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст. Бо таъбири дигар бигӯем «салоҳият — маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ) ва маърифатӣ равона карда мешаванд». «Стратегия — роҳу усули ноил гарди-дан ба мақсад» мебошад.
