Книги по биологии для 7 класса на таджикском языке.
Шумо дар синфҳои 1 – 6 аз дарсҳои «Фанҳои табиӣ» бо мафҳум, истилоҳот ва қонуниятҳо оиди табиат шинос шудед. Имсол ба омӯзиши фанни нав «Биология» шурӯъ мекунед. Дониши дар дарсҳои «Фанҳои табиӣ» гирифтаатонро тавассути фанни нав – «Биология» такмил медиҳед. Ин китобе, ки дар дасти шумост, ёрирасони беминнат аст. Биология сохт ва фаъолияти ҳаёти гуногунӣ, қонуниятҳои инкишофи таърихӣ ва фардии организмҳои зинда, ба табиати зинда таъсир расонидани инсонро меомӯзад. Бо ёрии ин китоб дар дарсҳои биология ва ба таври мустақилона оид ба бактерияҳо, протоктистаҳо, замбӯруғ ва растаниҳо, сохт ва фаъолияти ҳаёти ҳайвонот, хусусиятҳои афзоиш ва инкишофи онҳо, рангорангии намудҳои организми зинда, дар бораи аҳамияти онҳо дар табиат ва ҳаёти инсон соҳиби дониш мешавед.








