Учебник по математике для 5 класса на таджикском языке.
Шумо дар ин соли таҳсил ҳам шиносоиро бо математика давом медиҳед. Математика ҳазорҳо сол муқаддам ба сифати маҳсули эҳтиёҷи инсон ба вуҷуд омадааст. Ба рушди он аҷдоди бузургамон - алломаҳои машҳури Шарқ, олимони бузурги математик ҳиссаи калон гузоштаанд. Ҳоли ҳозир ягон кас оид ба математика дониш наандӯхта рӯзгори хешро бекаму кост тасаввур карда наметавонад. Математика ба шумо фақат корҳои ҳисобу китобро намеомӯзонад, балки аз ҳама асосиаш ба фикрронии мантиқӣ, мушоҳида рондан, дарёфти ҳалли аз ҳама мақбули муаммоҳои ҳаётӣ кӯмак мерасонад, ақлатонро чарх мекунад.
Китоби дарсии мазкур, ки дар даст доред, барои амалӣ гардондани мақсадҳои накӯ ба шумо ҳамроҳӣ мекунад, кӯмакрасони беминнат мегардад. Аз саҳифаҳои он на танҳо бо маълумотҳо оид ба математика, балки доири таърихи техника, фан, олами гирду атроф ва рӯзгори рӯзмарра маълумотҳои шавқовару фоиданок шинос мегардед. Маълумотҳои мазкур бо масъалаву мисолҳои намудашон гуногун ба эътиборатон ҳавола мегардад.








