Учебник по геометрии для 7 класса на таджикском языке.
Шумо ба омӯзиши яке аз қисмҳои аҷоиби математика, геометрия шурӯъ карда истодаед. Дар синфҳои поён бо баъзе шаклҳои геометрӣ ва хосиятҳои онҳо шинос шуда будед. Дар синфи 7 ба олами сеҳрноки шаклҳои еометрӣ саёҳат карда, ба ҳаматарафа ва мукаммал омӯхтани онҳо оғоз мекунед. Моро олами шаклҳои геометрӣ иҳота кардааст. Ба шаклҳои геометрӣ дар ҳаёти ҳаррӯза дар ҳар қадам дучор меоем. Дар ҳақиқат роми тирезаи чоркунҷашакл, нақшҳои ҳайратомези донаи барф, биноҳои шаклҳои гуногун дошта, қуттии гӯгирд, чархи велосипед, пуфакҳои собун, гулҳо, барги дарахтон ва ҳоказо ба ягон гуна шакл соҳиб аст.
Пас, онҳо бо геометрия алоқаманд ҳастанд. Барои ҳамин ҳам донистани геометрия, аз сиру асрори он воқиф шудан, барои ҳар як шахс аҳамиятнок аст. Шиносоӣ бо геометрия аз омӯзиши шаклҳои содда ва хосиятҳои он оғоз мешавад. Бо воситаи онҳо худатон шаклҳои нави геометрӣ ва хосиятҳои онҳоро кашф мекунед.
Пайдоиши фанни геометрия.
Мафҳумҳои аввалин оид ба геометрия 4-5 ҳазор сол пеш аз ин дар Мисри Қадим пайдо шудаанд.Дар он вақт оби дарёи Нил ҳар сол дамида, заминҳои киштро мешуст. Аз ҳамин сабаб барои аз нав тақсим кардани киштзор ва аниқ намудани миқдори андоз дар ин майдонҳо иҷрои корҳои муайянсозӣ ва ченкуниро ба иҷро расонидан рост омадаанд (расми 1). Олимони Юнони Қадим усулҳои чен кардани заминро аз мисриҳо ёд гирифта, онро геометрия номидаанд. "Геометрия" калимаи юнонӣ буда, маънои "geo" - замин, "metrio" - чен карданро медиҳад.
Мафҳумҳои аввалин оид ба геометрия дар Бобули қадим пайдо шудааст. Хусусан,таърихчиён чунин меҳисобанд, ки теоремаи Пифагор дар Бобул пайдо шудааст. Дар асрҳои VII-VI пеш аз милод дар Хоразми қадим, Миср ва дар қисми поёноби Амударё корҳои чен кардани замин гузаронида шудааст.
МУНДАРИҶА.
Боби I. Мафҳумҳои ибтидоии геометрия.
1. Шаклҳои соддаи геометрӣ.
2. Порча. Муқоиса ва чен кардани порчаҳо.
3. Кунҷ. Муқоиса ва чен кардани кунҷҳо.
4. Машқҳои амалӣ ва татбиқ. Донишатонро санҷида бинед.
5. Намудҳои кунҷ.
6. Хатҳои рости перпендикуляр.
7. Машқҳои амалӣ ва татбиқ. Донишатонро санҷида бинед.
Боби II. Секунҷаҳо.
8. Секунҷа, намудҳо ва элементҳои он.
9. Аломати якуми баробарии секунҷаҳо.
10. Хосиятҳои секунҷаи баробарпаҳлӯ.
11. Аломати дуюми баробарии секунҷаҳо.
12. Аломати сеюми баробарии секунҷаҳо.
13. Машқҳои амалӣ ва татбиқ. Донишатонро санҷида бинед.
Боби III. Хатҳои рости параллел.
14. Хатҳои рости параллел.
15. Аломатҳои параллелии ду хати рост.
16. Кунҷҳое, ки ду хати рост ва хати рости буранда ҳосил кардаанд.
17. Машқҳои амалӣ ва татбиқ. Донишатонро санҷида бинед.
Боби IV. Муносибатҳои байни тарафҳо ва кунҷҳои секунҷа.
18. Суммаи кунҷҳои дохилии секунҷа.
19. Секунҷаҳои росткунҷа.
20. Хосияти биссектрисаи кунҷ.
21. Муносибатҳои байни тарафҳо ва кунҷҳои секунҷа.
22. Машқҳои амалӣ ва татбиқ. Донишатонро санҷида бинед.
Боби V. Масъалаҳо доир ба сохтанҳо геометрӣ.
23. Масъалаҳои геометрӣ доир ба сохтан бо ёрии паргор ва хаткашак.
24. Машқҳои амалӣ ва татбиқ. Донишатонро санҷида бинед.
Боби VI. Такрорӣ.
25. Масъалаҳо доир ба такрорӣ.
26. Машқҳои амалӣ ва татбиқ. Донишатонро санҷида бинед.
Маълумотҳои асосӣ оид ба геометрияи синфи 7.
Ҷавобҳо ва нишондодҳо.
Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Геометрия, 7 синф, Ҳайдаров Б., Таштемирова Н., Асроров И., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.
Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу
Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:
Хештеги: #учебник на таджикском языке :: #геометрия :: #Ҳайдаров :: #Таштемирова :: #Асроров :: #7 класс
Смотрите также учебники, книги и учебные материалы:
Следующие учебники и книги:
- Matematika, 3 synp, Orinbaýewa L., Ismailow Ş., Ýusupow H., 2022
- Математика, 3 сынып, Орынбаева Л., Исмайлов Ш., Юсупов Х., 2022
- Matematika, 3 klas, Orinbaeva L., Ismailov S., Yusupov X., 2022
- Математика, 3 класс, Оринбоева Л., Исмаилов Ш., Юсупов Х., 2022
Предыдущие статьи:
- Геометрия, 7 сынып, Хайдаров Б., Таштемирова Н., Асраров И., 2022
- Geometriya, 7 klas, Haydarov B., Tashtemirova N., Asrorov I., 2022
- Geometriýa, 7 synp, Haýdarow B., Taştemirowa N., Asrorow I., 2022
- Geometriýa, 10 synp, Haýdarow B., Taştemirowa N., Asrorow I., 2022