Астрономия, 11 синф, Мамадазимов М., 2018

Астрономия, 11 синф, Мамадазимов М., 2018.

Учебник по астрономии для 11 класса на таджикском языке.
 
   Китоби дарсии мазкур бино ба дархосту ниёзҳои таълимй барои синфҳои 11-уми таълими ҳамагонй ва ҳамчунин барои мактабҳои тахассусии астрономй, ки дар назди ФУ Ҷумҳурии Ӯзбекистон кушода шудаанд, пешбинй шудааст ва аз ду кием иборат мебошад.
Дар ин китоб мавзӯъҳо бо таваҷҷӯҳ ба дараҷаи мураккабй бо як ситорача (*) ё ду ситорача (**) нишон дода мешаванд. Ҳарчанд маводи дарсии як ситорачадор (*) барои мактабҳои маъмулй ва тахассусй пешбинй шудаанд, ҳангоми тадриси донишомӯзон дар мактабҳои маъмулй, бо додани маълумоти умумй кифоят мекунанд. Бо ин ҳол, тақозо мешавад, ки дар мактабҳои тахассусй мазмуну муҳтавои онҳо ба воситаи аб-зори математики ба таври васеъ омӯзонида шавад. Мавзӯъҳое, ки дар китоб бо ду ситорача (**) ишора шудаанд, марбут ба мактабҳои тахассусй буда, дар онҳо ба хотири расидан ба ҳадафи ниҳой матолиби астрономй ба таври дақиқ ва амиқ тавзеҳ дода мешавад. Илова ба ин, «Элементҳои кайҳоннавардй»-и дар китоби дарей зикршуда низ махсус ба мактабҳои тахассусй мебошанд ва мақсади омӯзиши онҳо аз шиносондани донишомӯзон бо мафҳумҳои элементарии соҳаи аэронавтика иборат аст.

Астрономия, 11 синф, Мамадазимов М., 2018


Қадри зоҳирии ситораҳо.
Ситораҳо дар кайҳон ҷисмҳои аз ҳама бештар паҳншуда ба ҳисоб мера-ванд. Аз ҳамин сабаб, омӯзиши табиати физикии онҳо аз масъалаҳои муҳимтарини астрономия ҳисобида мешавад. Барои фарқ кардани равшании зоҳирии ситораҳо (дараҷаи дурахшонии онҳо) дар астрономия мафҳуми цадри ситораеӣ қабул шудааст. Дурахшонии зоҳирии ҷисмҳои осмонӣ фақат натиҷаи афканишоти то ба Замин расида буда, он қисми ночизи афканиши умумии ҷисмро ташкил мекунад.

Чуноне маълум аст, шиддатнокии афканиши зоҳирии ҷисмҳои мунир аз рӯйи дараҷаи раегианоии ба воситаи гуногун ҳосилшуда (чашм, фотолавҳа, фотоэлемент ва дигар) аниқ карда мешавад. Дар астрономия дурахшонии зоҳирии ҷисмҳои мунир чун дар физика на бо воҳидҳои равшаноӣ (луксҳо), балки бо воҳиди нисбие, ки қадри ситоравӣ ном дорад, чен мешавад ва бо ҳарфи лотинии m ифода карда мешавад.

МУНДАРИҶА.
МУҚАДДИМА.
МАВЗӮИ 1. §1. Астрономия чиро меомӯзад? Таърнхи инкишоф ва алоқаи он бо фанҳои дигар.
ҚИСМИ I.
БОБИ I. АСОСҲОИ АСТРОНОМИЯМ АМАЛӢ.
МАВЗӮИ 2. §2. Ҳаракати шабонарӯзии ҷисмҳои мунир. Бурҷи ситораҳо.
§3. Далелҳои дар атрофи меҳвари худ давр задани Замин **. Раққосаки Фуко.
§4. Кураи осмон, нуқтаҳо, давраҳо ва хатҳои асосии кураи осмон.
§5. Ҳаракати зоҳирии солонаи Офтоб. Эклиптика.
МАВЗӮИ 3. §6. Координатаҳои осмон.
§7. Харитаи ситораҳо.
§8. Қадри зоҳирии ситораҳо **.
МАВЗӮИ 4. §9. Баландии қутби олам ва муносибати байни арзи географии маҳал.
§10. Дар арзҳои гуногун даврзании зоҳирии шабонарӯзии кураи осмон.
§11. Кулминатсияи (қиёми) ҷирмҳои мунир ва баландии кулминатсия.
§12. Дар асоси мушохидаҳои астрономй аниқ кар дани арзи тахминии маҳал **.
МАВЗӮИ 5. §13. Асосҳои чен кардани вақт *.
§14. Тақвимҳо.
МАВЗӮИ 6. §15. Ҳаракат, фаза ва даврҳои Моҳ.
§16. Тақвимҳои ҳиҷрии қамарй ва шамсии мусулмонҳо *.
§17. Гирифти Офтоб ва Моҳ.
БОБИ II. СОХТИ СИСТЕМАМ ОФТОБ ВА ҲАРАКАТИ ҶИСМҲОИ ОСМОНӢ.
МАВЗӮИ 7. §18. Сохти Системаи офтобӣ.
§19. Андоза ва таркиби манзумаи офтобӣ.
§20. Конфигуратсияи сайёраҳо ва шарти намудории онҳо *.
§21. Даврҳои гардиши сайёраҳо дар атрофи Офтоб *.
МАВЗӮИ 8. §22. Параллаксы шабонарӯзӣ ва шабонарӯзӣ-уфуқӣ. Муайян кардани масофа то ҷисмҳои Системаи офтобй.
§23. Муайян кардани радиуси ҷисмҳои Системаи офтобй **.
МАВЗӮИ 9. §24. Воҳидҳои ченаки дарозй дар астрономия.
§25. Қонунҳои Кеплер.
§26. Ҳисобкунии массаи ҷисмҳои осмон *.
МАВЗӮИ 10. §27. Масъалаи ду ҷисм. Суръатҳои кайҳонӣ.
БОБИ III. АСТРОФИЗИКА ВА МЕТОДҲОИ ТАДҚИҚОТИИ ОН.
МАВЗӮИ 11. §28. Омӯзиши осмон дар нурҳои мавҷи электромагнита - асоси астрономияи фарохмавҷ.
§29. Телескопҳои оптикӣ.
§30. Бузургиҳои асосии тавсифии телескопҳо **.
§31. Мафҳум дар бораи радиотелескопҳо.
§32. «Телескопи асосй»-и расадхонаи Улуғбек.
МАВЗӮИ 12. §33. Қонунҳои афканишот ва омӯзиши табиати физикии
ҷисмҳои осмон бо усулҳои спектралй.
БОБИ IV. ТАБИАТИ ФИЗИКИИ ҶИСМҲОИ СИСТЕМАИ ОФТОБЙ.
МАВЗӮИ 13. §34. Офтоб - ситораи наздиктарин. Маълумоти умумй дар бораи Офтоб.
§35. Фотосфераи Офтоб ва сохторҳои он. Доғҳои Офтоб.
МАВЗӮИ 14. §36. Хромосфераи Офтоб ва тоҷи он.
§37. Манбаи энергияи Офтоб *.
§38. Фаъолии Офтоб ва таъсири вай ба Замин *.
МАВЗӮИ 15. §39. Сайёраҳои мушобеҳи Замин. Меркурий (Уторид) ва Венера (Зуҳра).
§40. Замин ва радифи маснӯи он Моҳ. Марс (Миррих).
МАВЗӮИ 16. §41. Сайёраҳои азимҷусса, радиф ва ҳалқаҳои онҳо.
МАВЗӮИ 17. §42. Астероидҳо ва сайёраҳои хурд.
МАВЗӮИ 18. §43. Кометаҳо («ситораҳои думдор»).
§44. Метеорҳо («ситораҳои паррон») ва метеоритҳо.
МАВЗӮИ 19. §45. Назарияҳои муосир оид ба пайдоиши Системаи офтобй.
БОБИ V. СИТОРАҲО.
МАВЗӮИ 20. §46. Параллакси солона ва аник кардани масофа то ситорахо.
§47. Аник кардани андоза ва параметрҳои ситораҳо *.
§48. Ранг ва ҳарорати ситораҳо.
МАВЗӮИ 21. §49. Қадри мутлаки ситораҳо ва алокамандии он бо равшании онҳо *.
§50. Спектр ва синфҳои спектрии ситораҳо.
§51. Диаграммаи спектрй-равшанй.
МАВЗӮИ 22. §52. Қӯшаситораҳои физикй ва навъҳои он.
§53. Ҳисобкунии массаи ситораҳо **.
МАВЗӮИ 23. §54. Ситораҳои тағйирёбандаи физикй: сефеидхо, ситораҳои нав ва навтарин.
МАВЗӮИ 24. §55. Таҳаввулоти ситораҳо. Ситораҳои нейтронй ва «фурӯбурдҳои сиёҳ» *.
БОБИ VI. СОХТ ВА ТАҲАВВУЛОТИ КАЙҲОН.
МАВЗӮИ 25. §56. Сохт, таркиб ва даврзании галактикаамон.
§57. Маҷмӯи ситораҳои манзума ва мансура **.
МАВЗӮИ 26. §58. Туманоти диффузй ва чангй.
МАВЗӮИ 27. §59. Галактикаҳои беруна. Синф ва спектрхои галактикаамон.
§60. Радиогалактикаҳо ва квазарҳо *.
МАВЗӮИ 28. §61. Васеъшавии Кайҳон. Қонуни Ҳаббл *.
МАВЗӮИ 29. §62. Таксимшавии Галактикаҳо дар Кайҳон **.
ҚИСМИ II ЭЛЕМЕНТҲОИ КАЙҲОННАВАРДЙ **.
МАВЗӮИ 29. §63. Предмета кайҳоннавардӣ ва алоқаи он бо фанҳои дигар.
МАВЗӮИ 31. §64. Қонунҳои ҳаракати ракета. Қувваи кашиши ракета.
МАВЗӮИ 32. §65. Сохтори ракета ва тавсифномаи конструктивны он.
§66. Қувваҳои таъсиркунанда ба аппаратҳои кайҳонӣ ҳангоми парвоз.
МАВЗӮИ 33. §67. Мадорҳои ҷисми дар маркази майдони ҷозиба ҳаракаткунанда.
МАВЗӮИ 34. §68. Ҳисобкунии тахминии доираи таъсир ва траекторияи аппаратҳои кайҳонӣ.
МАВЗӮИ 35. §69. Элементҳои мадори радифҳои маснӯи Замин.
§70. Эволютсияи мадори ҳамроҳ дар атмосфераи Замин.
МАВЗӮИ 36. §71. Манёврҳои мадорӣ. Тоб додани ҳамвории мадори радифи маснӯъ.
§72. Аз мадор фаровардани радифи маснуъ.
МАВЗӮИ 37. §73. Ба Моҳ парронидани аппаратҳои кайҳонӣ.
МАВЗӮИ 38. §74. Траекторияҳои парвоз ба сайёраҳо. Ҳаракат дар дохили кураи таъсири Замин.
МАВЗӮИ 39. §75. Парвозҳо аз рӯйи мадорҳои гомон.
МАВЗӮИ 40. §76. Ҳаракати аппаратҳои кайҳонӣ дар доираи таъсири сайёраи нишонгирифта.
Иловаҳо.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Астрономия, 11 синф, Мамадазимов М., 2018 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Хештеги: :: :: ::