Ҷураев

Ҳикояҳо аз таърих, 5 синф, Ҷураев У., 2015

Ҳикояҳо аз таърих, 5 синф, Ҷураев У., 2015.

Учебник по истории для 5 класса на таджикском языке.

Фрагмент из книги:
Ватан! Дар зери ин калима олам-олам маъно ниҳон аст. Ватан-кишвари азиз, мӯътабар ва муқаддас аст.
Ватан ҷоест, ки дар он таваллуд шудаем. Хокест, ки хуни нофамон рсхтааст. Ватан гаҳвораи тиллоист. Заминест, ки бо падару модаронамон, хешу ақрабо ва дӯстонамон якҷоя зиндаги мекунем. Заминест, ки изи аҷдодон боқи мондааст. Кишвари бобоиамон аст, Ватан гавҳарсст дар қалби ҳар кадоми мо.
Ватан шаҳр ва деҳаи азизатон мебошад. Қалби инсон, орзуву умеди он, шодию сурураш ва ояндааш бо Ватан зич пайваст аст.

Ҳикояҳо аз таърих, 5 синф, Ҷураев У., 2015
Скачать и читать Ҳикояҳо аз таърих, 5 синф, Ҷураев У., 2015
 

Тарихи Ўзбекистон, 11 синф, Ҷӯраев Н., Замонов A., 2018

Тарихи Ўзбекистон, 11 синф, Ҷӯраев Н., Замонов A., 2018.

Учебник по истории для 11 класса на таджикском языке.

   Дар солҳои охири асри XX ва ибтидои асри XXI дар таърихи Узбекистан саҳифаи тамоман нав кушода шуд. Вай ҳамчун даври таърихӣ ҳодисаи гардиши куллиро боз намуд. Солҳои охири шароити сохли советӣ (шӯравӣ) дар Ӯзбекистон ва даври тараккиёти мустақил дар таърихи чандинҳазорсолаи халқамон бо мазмун ва моҳияти худ, суръати ҷараёнҳо ва шиддатнокии воқеаву ҳодисаҳо фарқ менамояд.
Дар китоби дарсӣ ба истиклоли давлатй расидани Узбекистан, татбиқи амалии ислоҳоти сиёсӣ дар даври гузариш ба ҷамъияти нав, барпо намудани давлатӣ демократии ҳукукӣ дар Узбекистон, ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, тадбирҳо дар роҳи амиксозии ислоҳоти иктисодӣ, покшавии маънавию рӯҳӣ ва эҳёи арзишҳи миллӣ ва дар арсаи ҷаҳон ҷойи муносиби худро ёфтани Узбекистон то кадри имкон ифодаи худро ёфтааст.
 
Тарихи Ўзбекистон, 11 синф, Ҷӯраев Н., Замонов A., 2018
Скачать и читать Тарихи Ўзбекистон, 11 синф, Ҷӯраев Н., Замонов A., 2018
 

Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019

Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019.

Учебник по истории для 9 класса на таджикском языке.

   Шумо фарзандони Ўзбекистони мустақил ҳастед. Дар аснои омӯхтани таърихи ҷаҳон суханони зерини раҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёевро „...мутаассифона дар дунё, атрофамон қувваҳое ҳастанд, ки вазъи босуботи ҷамъиятамонро аз маҷро бароварда, дар байни одамон низоъ барангехта, тухми душманиро пошида, моҷароҳои гуногунро сар занонданӣ ва ҳатто моил ба хунрезиҳо мебошанд“-ро дар ёд дошта бошед ва бояд идрок кунед, ки решаҳои ин иллатҳо ба охири асри XIX – ибтидои асри ХХ рафта мерасанд.
Шумо ба синфи 9-ум синфи охирини мактаби миёнаи умумӣ қадам ниҳодед. Шумо дар синфи 8-ум аз фанни „Таърихи ҷаҳон“ даври иборат аз ибтидои асри ХVI то нимаи дуюми асри XIX-ро омӯхтед. Дар ин давр инкишофи пешрафти ҷамъият хеле пурзўр шуд. Истеҳсолот боло рафт. Демократияи сиёсӣ расмӣ гардид, шаклҳои ҳукмронии табақаҳои боло такмил ёфт. Шумо акнун даври хеле шавқовар ва дар айни замон бисёр мураккаби таърихи ҷаҳонро меомӯзед. Чунки дар ин давр дар дунё дигаргуниҳои калон рӯй доданд. Хусусияти асосии ин давр дар истеҳсолот барқарор шудани капитализми монополистӣ аст. Синдикатҳо, картелҳо, консернҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Истеҳсолот мутамарказ шуд, ба хориҷа баровардан капитал сар шуд. Якчанд давлатҳо ба чунин дараҷаи тараққиёт расиданд, ки пештар дар тӯли садсолаҳо намерасиданд.

Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019
Скачать и читать Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019
 

Таърихи Ўзбекистон, 8 синф, Ҷўраев У., 2019

Таърихи Ўзбекистон, 8 синф, Ҷўраев У., 2019.

Учебник по истории для 8 класса на таджикском языке.

   Китоби дарсии „Таърихи Узбекистан” барои синфи VIII-ум ба Шумо оид ба таърихи Ватанамон аз асри XVI то асри XIX дониш медиҳад.
Олимони муаррих ба ин даври таърихи Ватанамон “Асрҳои миёнаи охир” ё “Даври се хонй” ном додаанд. Ин давр даври хеле мураккаби таърихамон буда, аз зиддиятҳо саршор аст. Зеро давлати Темуриён, ки замоне дар дар дунё машҳур шуда, дар таърихи ҷаҳон нақши безавол гузошта буд, дар ибтидои асри XVI пурра барҳам хӯрд. Шумо сабабҳои онро аз китоби дарсии “Таърихи Узбекистан” барои синфи VII дониста гирифтаед. Дар синфи VIII онро бори дигар ба ёд меоред.

Таърихи Ўзбекистон, 8 синф, Ҷўраев У., 2019
Скачать и читать Таърихи Ўзбекистон, 8 синф, Ҷўраев У., 2019
 





 

2024-11-21 15:18:53