Учебник по математике для 10 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Маҷмӯъ мафҳуми ибтидоии математика буда, онро бо воситаи мафҳуми аз худаш соддатар таъриф дода намешавад. Дар ҳаёт маҷмӯи объектҳои маълумро як чизи яклухт гуфта дар назар доштан лозим меояд. Фарз мекунем, биолог барои омӯзиши олами растанӣ ва ҳайвоноти ягон сарзамин, ҳайвонҳоро аз рӯи намудаш, намудҳояшро бошад аз рӯи тухмаш ҷудо карда мебарояд. Ҳар як намуд чун маҷмӯи яклухти ҳайвонот дар назар дошта мешавад.
Маҷмӯъ аз объектҳои ихтиёрии табий ташкил ёфтанаш мумкин. Масалан, тамоми дарёҳое, ки дар қитъаи Осиёанд, ё калимаҳои дар луғат буда маҷмӯъ шуда метавонанд.








