Учебник по алгебре для 7 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мусо ал-Хоразмӣ дар Хоразм тақрибан дар соли 783 таваллуд ёфтааст. Калимаи “Алгебра” аз номи китоби “Ал-Ҷабр”-и олим гирифта шудааст. Асарҳои Хоразмӣ зиёда аз 20-то буда, 10-тои он то ба мо омада расидааст. Инҳо “Китоби мухтасар дар бораи ҳисоби ал-ҷабр вал муқобала” – асари алгебравӣ, “Китоб оиди ҳисоби Ҳинд” ё ки “Китоб дар бораи ҷамъ ва тарҳ” – асари арифметикӣ, “Китоб сурат ул-арз” – асари географӣ, “Зиҷ”, “Китоб оиди кор бо утурлоб”, “Китоб оиди сохтани устурлоб”, “Оиди муайян кардани азимут бо ёрии устурлоб”, “Китобу ар руҳома”, “Китобу ат-таърих”, “Рисола оиди муайян намудани тақвим ва идҳои яҳудиён”. Чортои аз ин асарҳо бо забони арабӣ, яктояш дар таркиби асари Фарғонӣ, дутояш бо тарҷимаи лотинӣ нигоҳ дошта шудааст.
