Саъдиев

Адабиёт, 6 синф, Саъдиев С., Самадов А., 2017

Адабиёт, 6 синф, Саъдиев С., Самадов А., 2017.

Учебник по литературе для 6 класса на таджикском языке.
    
    Дар адабиёти бадей ҳаёт ва хислатҳои гуногуни одамон ба воситаи образҳои бадей инъикос меёбанд. Адабиёти бадей манбаи дониш аст. Он яке аз муҳимтарин воситаҳои тарбияи инсон мебошад. Аз ин рӯ, онро омӯхтан ва донистан аҳамияти бузург дорад.
Беҳтарин асарҳои бадей доираи ҷаҳонбинии хонандаро васеъ ва завқи эстетикиашро баланд мекунанд, дилу дидаашро равшан ва эҳсосашро нозуктар месозанд.

Адабиёт, 6 синф, Саъдиев С., Самадов А., 2017
Скачать и читать Адабиёт, 6 синф, Саъдиев С., Самадов А., 2017
 

Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017

Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017.

Учебник по литературе для 10 класса на таджикском языке.

   Адабиёт неруи созандае мебошад, ки барои пешрафти ҳаёти маънавии ҷомеа, дарки худшиносии одамон, такомули донишу биниши онҳо имконият фароҳам меорад. Инсонро ба зиндаги дилгарм намуда, барояш роҳи дурусти ҳаётро нишон додан, ба саволҳои дили ӯ ҷавоб гуфтан, изтиробу ташвишро аз андешаи одамон дур кардан муҳимтарин вазифаи адабиёт ба шумор меояд. Бар ин бино адабиёти бадей дар зиндагии рӯзмарраи мо чун обу ҳаво зарур аст. Азбаски ҳаёти муқаррари дар асари бадей ба воситаи образҳо тасвир гардида, ба як санъати зебоиву нафосат табдил ёфта, боиси таваҷҷӯҳи дигарон мешавад, адабиётро ба сифати оинаи рӯзгори мардум истифода бурдан мумкин аст. Дар он ҳама бурду бохти ҷомеа бо хурдтарин ҷузъиёташ мавриди тасвиру таҳлил қарор мегирад. Яъне, паҳлуҳои мусбиву манфии зиндаги дар он инъикос меёбад ва сабабгори пайрави ба ҷиҳатҳои матлуб ва худдори аз паҳлуҳои манфи мегардад.

Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017
Скачать и читать Адабиёт, 10 синф, Саъдиев С., Хамидов X., 2017
 





 

2024-04-29 09:10:39