Учебник по технологии для 4 класса на таджикском языке.
Шумо бо ёрии дарси “Технология” дониш, маҳорат ва малакаҳои дар синфҳои поёнй гирифтаатонро такмил медиҳед. Аз маводҳои гуногун технологияи сохтани чизҳои зебо, бозичаҳо, мебелҳоро омӯхта, бо усулҳои сохтани устоҳои ҳунарманд аз наздик шинос мешавед.
Зимни иҷрои супоришҳои китоби дарсй Шумо кофтани маълумотҳо, ба хотир гирифтани тартиби он, истифода аз ахборот, бо ҳамсинфон ва калонсолон муошират карда, ба ҳамдигар ёрй расонидан, муташаккилона кор карданро меомӯзед.
Китоби дарсй ба Шумо дар сохтани чизҳои хушрӯ ва тӯҳфаҳои бенуқсон мадад мерасонад. Онҳоро ба падару модар, додарчаву хоҳарчаатон ва дӯстонатон тақдим кунед, мамнун хоҳанд шуд.
Дар китоби дарсй тартиби иҷрои кор ва зинаҳои он баён шудааст. Намунаҳои додашударо дида бароед, расм ва нақшаҳоро аз худ кунед, дар ҷараёни иҷро ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед.
