Адабиёт, 7 синф, Файзуллоева З., Эшонқулов Ҷ., Кабиров М., 2017.
Учебник по литературе для 7 класса на таджикском языке.
Донишомӯзони азиз! Шумо дар синфҳои V ва VI бо фанни адабиёт аз наздик шиносои пайдо кардед. Акнун дар синфи VII донишҳои худро таҳким бахшида, ҳамчунин аз олами бойи илми адабиёт бештар баҳра мебардоред. Адабиёти бадей дар асл хазинаи бебаҳои олами инсони аст. Хазинае, ки афкори умум, рафтори умумро бо вожаву суханҳои дилнишину дилчасп дар асоси бандубасти хоси мантиқи, бо фикру хулосаҳои мӯъҷаз дар худ ҷамъ овардааст, тавассути «Адабиёт» ба шумо пешкаш карда мешавад. Одамон адабиёти бадеиро дар шаклҳои гуногуни он офарида, ба воситаи он ҳаёти худ, муҳити ҷомеаи инсонро ба тасвир мекашанд. Маҳз адабиёт бурду бохт, дарду алам ва шодиву сурури ҳаётро дар худ таҷассум менамояд. Адабиёт, инчунин, воситаи иайвандгари рӯҳи давру замонҳои гуногун аст. Чунки инсон аз чунин офаридаҳои худ ҳамдигарро дар нуқтаҳои гуногуни рӯи Замин огоҳ намуда, бо ҳам дардошною ба шоди шарик мегардад.
