Учебник по чтению для 2 класса на таджикском языке.
Салом донишомӯзони азиз! Шуморо ба муносибати оғози соли нави таҳсил — Рӯзи дониш табрик мекунем. Шумо тозагулҳои боғи мактабед, ободкунандаю ҳимоятгари Модар-Ватанед, давомдиҳандаи роҳи аҷдоду вориси ҳақиқии он ва посдори забони модариатон мебошед. Аз ин рӯ, хуб хонед, то ки аз Шумо ҳамеша халқ ва Модар-Ватанатон ифтихор кунанд. Дар фатҳи қуллаҳои дониш омад ёр бод! Омӯзед, ҷустуҷӯ кунед, аълохон шавед.








