Физика, 8 синф, Ҳабибуллаев П., 2019.
Учебник по физике для 8 класса на таджикском языке.
Ҳаёти ҳаррӯзаро бе энергиям электрикӣ тасаввур карда намешавад. Аз он ҷумла ҳамаи ҷиҳозҳои монанди: лампочка, телевизор яхдон, радио, дазмол, чойнаки электрикӣ, компютери хонаамон аз ҳисоби энергияи электрикӣ кор мекунад.
Завод ва фабрикаҳои гуногун, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин муассисаҳо ҳам аз энергияи электрикӣ истифода мебаранд. Хулоса, энергияи электрикӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаётамон мубаддал гаштааст. Умуман бигӯем, кашфи электр ва аз он имкониятҳои истифодабарӣ ба тараққиёти бемисл сабаб шуд. Барои ҳаётамон боз ҳам фаровон шудан дар соҳаҳои электротехника, радиотехника, электроника, автоматика, технологияи ахборот, нанотехнологияҳо ва соҳаҳои дигар олимон, инчунин мутахассисони соҳаҳои дигар татқиқотҳои илмй бурда истодаанд. Дар натиҷаи кашфиётҳои нави аз тарафи олимон ва муҳандисон офарида ин соҳаҳо боз ҳам инкишоф ёфта истодаанд. Аз ин рӯ, барои оиди электр соҳиби маълумот шудан дар дарсҳои физика ҳодисаҳои электрикй, майдони электрикй ва магнитй, ҷараёни электрикй, ҳодисаҳои электромагнитиро меомӯзед ва бо истеҳсол ва нақли энергияи электрикй, принсипи кори асбобҳои оддии электрикй ва таҷҳизотҳо шинос мешавед.
