Учебник по физике для 11 класса на таджикском языке.
Омӯзиши фани физика аз синфи 6 сар шуда, дар марҳилаҳои аввалин дар бораи механика, гармӣ, электр, рӯшноӣ, ҳодисаҳои садо инчунин сохти модда маълумотҳои ибтидоӣ медиҳад. Курси асосии фанни физика дар синфи 7 “Механика”, дар синфи 8 курси “Электр», дар синфи 9 “Асосҳои физикаи молекулярӣ”, “Оптика”, “Атом ва асосҳои физикаи ядроӣ” ва “Тасаввурҳо оиди коинот”-ро меомӯзем.
Дар марҳилаи дигар бошад, материалҳои хониши дар мактабҳои таълими миёнаи умумӣ омӯхташударо дар синфҳои 10–11-и мактаби миёна, литсейҳои академикӣ ва коллежҳои касбӣ-ҳунарӣ такрор нашуданаш, хусусиятҳои психологӣ ва синну соли хонандагон, мувофиқии тайёрии таълими миёнаи онҳо, инчунин ташаккул додани мафҳумҳои физикӣ бо оҳистагӣ аз содда ба мураккаб ба эътибор гирифта шудааст.








